Қурби миёнаи хариду фурӯши асъори хориҷӣ дар нуқтаҳои мубодилаи асъор 4,44 – 4,46 сомониро барои 1 долл. ИМА ташкил дод

Бойгонии ахбор
04.06.2009

Қурби миёнаи хариду фурӯши асъори хориҷӣ дар нуқтаҳои мубодилаи асъор 4,44 – 4,46 сомониро барои 1 долл. ИМА ташкил дод

Дар шаҳри Душанбе 4 июни соли ҷорӣ қурби миёнаи хариду фурӯши асъори хориҷӣ дар нуқтаҳои мубодилаи асъор каме тағйир ёфта, 4,44 – 4,46 сомониро барои 1 долл. ИМА ташкил дод. Қурби миёнаи хариду фурӯши 10 рубли русӣ ва евро бетағйир монда, мутаносибан дар ҳудуди 1,43 – 1,45 ва 6,07 -6,15 сомонӣ ҷойгир шуд.  Қурби миёнаи қарордодҳо дар бозори байнибонкӣ ва дохилибонкӣ бошад, каме тағйир ёфта, 4,43 сомонӣ барои 1 долл. ИМА, 1,46 сомонӣ барои 10 рубли русӣ ва 6,11 сомонӣ барои 1 евроро ташкил дод.  Маркази матбуоти БМТ

Возврат к списку