03.06.2009
Қурби хариду фурӯши доллари ИМА тағйир наёфт
Субҳи 3 июн амалиётҳои хариду фурӯши долл. ИМА дар асоси эълонномаҳои нуқтаҳои мубодилаи асъор бо қурби миёнаи 4,40 – 4,42 сомонӣ сурат гирифт. Дар маҷмӯъ, тағйирёбии қурб барои хариду фурӯш дар меъёри 4,41 сомонӣ боқӣ монда, нисбат ба дирӯз тағйир наёфт. Айни замон мӯътадилии талабот ба пешниҳоди пули миллӣ ва хориҷӣ дида мешавад. Маркази матбуоти БМТ