Қурби доллари ИМА 4,35-4,41 сомониро ташкил дод

Бойгонии ахбор
02.06.2009

Қурби доллари ИМА 4,35-4,41 сомониро ташкил дод

Cубҳи 2 июн, фаъолияти нуқтаҳои мубодилаи асъори шаҳри Душанбе аз муомила бо қурби 4,35-4,41 сомонӣ барои 1 долл. ИМА оғоз ёфт ва ба ҳисоби миёна дар ш. Душанбе он 4,38 сомониро ташкил намуд.  Дар минтақаҳои ҷумҳурӣ бошад, қурби асъори хориҷӣ низ мӯътадил шуда, ба ҳисоби миёна дар ш. Хуҷанд – 4,43 сомонӣ, дар ш. Қурғон-теппа – 4,40 сомонӣ, дар ш. Кӯлоб – 4,30 сомонӣ ва дар ш. Хоруғ – 4,33 сомониро барои 1 доллари ИМА ташкил дод.  Маркази матбуоти БМТ

Возврат к списку