Қурби миёнаи хариду фурӯши доллари ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори шаҳри Душанбе бетағйир монд

Бойгонии ахбор
01.06.2009

Қурби миёнаи хариду фурӯши доллари ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори шаҳри Душанбе бетағйир монд

Дар давоми рӯз, яъне 1 июни соли равон қурби миёнаи хариду фурӯши доллари ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори шаҳри Душанбе бетағйир монда, ба ҳисоби миёна 4,36-4,40 сомониро ташкил дод. Қурбҳои миёна аз рӯи амалиёти рубли русӣ ва евро каме тағйир ёфта, мутаносибан 1,40-1,42 сомонӣ ва 6,10-6,12 сомониро ташкил намуданд.  Дар бозорҳои байнибонкӣ ва дохилибонкӣ бошад, бештари амалиётҳо бо қурби 4,40 ва 4,41 сомонӣ сурат гирифта, нишондиҳандаи миёнаи қарордодҳои басташудаи он 4,4062 сомониро ташкил дод ва вобаста ба ин қурби расмӣ аз 4,3743 то 4,3780 афзуд.  Маркази матбуоти БМТ

Возврат к списку