20.05.2009
Афзоиши ММД 2,9 фоизро ташкил дод
Тибқи маълумоти фаврӣ ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) дар моҳҳои январ-апрели соли равон 4 426,5 млн. сомониро ташкил дода, афзоиши воқеии он бо нархҳои муқоисавӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,9 фоизро ташкил дод. Рушди иқтисодиёт дар ин давра асосан аз ҳисоби афзудани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз, соҳаҳои сохтмон 7,2 фоиз ва хизматрасонӣ 1,7 фоиз ҷараён гирифт. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ бошад, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 11,9 фоиз коҳиш ёфт. Маркази матбуоти БМТ