Қурби миёнаи амалиёт бо доллари ИМА бетағйир монд

Бойгонии ахбор
05.05.2009

Қурби миёнаи амалиёт бо доллари ИМА бетағйир монд

5 майи соли равон қурби миёнаи хариду фурӯши асъори хориҷӣ дар нуқтаҳои мубодилаи асъори шаҳри Душанбе бетағйир монда, чун рӯзи гузашта 4,15 сомониро ташкил дод. Вазъ дар бозори асъор аз он шаҳодат медиҳад, ки пешниҳоди асъори хориҷӣ ҷавобгӯи талабот буда, дар баъзе ҳолатҳо талаботи муайян ба сомонӣ бештар ба назар мерасад.  Дар бозорҳои байнибонкӣ ва дохилибонкӣ бошад, қурби миёнаи қарордодҳои басташуда 4,01- 4,03 сомониро ташкил дод. Амалиёт бо рубли русӣ ва евро фаъол гардида, қурби 10 рубли русӣ то ба 1,25 сомонӣ ва евро то ба 5,29 сомонӣ афзуд.  Маркази матбуоти БМТ

Возврат к списку