Қурби миёнаи хариду фурӯши доллари ИМА дар шаҳри Душанбе 4,15 сомониро ташкил дод

Бойгонии ахбор
04.05.2009

Қурби миёнаи хариду фурӯши доллари ИМА дар шаҳри Душанбе 4,15 сомониро ташкил дод

Бо зиёд шудани пешниҳод дар бозор 4 майи соли равон қурби миёнаи хариду фурӯши доллари нақдинаи ИМА нисбат ба рӯзҳои охири кории ҳафтаи гузашта паст шуда, ба ҳисоби миёна дар шаҳри Душанбе 4,15 сомониро ташкил дод. Дар бозорҳои байнибонкӣ ва дохилибонкӣ бошад, қурби он дар ҳудуди 4,04 то 4,09 сомонӣ ҷамъбаст гардид.  Ҳамзамон, қурбҳои миёнаи хариду фурӯши 10 рубли русӣ ва 1 евро каме баландтар шуда, мутаносибан 1,23 - 1,24 ва 5,28 - 5,35 сомониро ташкил доданд.  Маркази матбуоти БМТ

Возврат к списку