Дар бозори нақдӣ қурби миёнаи хариду фурӯши доллари ИМА то 4,15 сомонӣ поин рафт

Бойгонии ахбор
30.04.2009

Дар бозори нақдӣ қурби миёнаи хариду фурӯши доллари ИМА то 4,15 сомонӣ поин рафт

29 апрели соли равон бонкҳои тиҷоратӣ, ташкилотҳои қарзӣ ва Бонки миллии Тоҷикистон амалиётро оид ба фурӯши асъори хориҷӣ шурӯъ намуданд. Амали мазкур талаботро ба асъори хориҷӣ паст намуд ва ба поин рафтани қурби миёнаи хариду фурӯши доллари ИМА то 4,15 сомонӣ мусоидат кард.  Дар назар аст, ки рӯзҳои наздик бинобар сабаби зиёд шудани пешниҳоди асъори хориҷӣ дар бозор, талабот ба пули миллӣ барои таъмин ва хизматрасонии пардохтҳои ҷории бонкҳо ва ташкилотҳои қарзӣ дар рӯзҳои пеш аз ид зиёд мегардад.  Дар навбати худ, қурби миёнаи хариду фурӯши рубли русӣ ва евро дар бозори нақдӣ дар маҷмӯъ тағйир наёфт ва мутаносибан дар сатҳи 0,1225 ва 5,2780 сомонӣ қарор дорад.  Маркази матбуоти БМТ

Возврат к списку