Тангаи БМТ дар озмун ширкат меварзад

Бойгонии ахбор
29.04.2009

Тангаи БМТ дар озмун ширкат меварзад

Аз 15 апрели соли равон овоздиҳии интернетӣ аз рӯи озмуни “Монетное созвездие – 2009”, ки аз ҷониби нашриёти “Уотер Марк” –ношири маҷалла дар бораи бозори тангаҳои хотиравӣ «Золотой червонец” ва маҷалла оид ба маҳсулоти ҳимоявӣ «Водяной знак» созмон дода шудааст, оғоз ёфт. Дар озмуни номбурда тангаҳои Бонкҳои марказӣ ва Сиккахонаҳои 21 мамлакати дунё ба маърази тамошобинон гузошта шудаанд. Кори озмун то 31 майи соли 2009 идома меёбад.  Тангаи Бонки миллии Тоҷикистон, ки ба озмуни зикршуда пешниҳод шудаву дар он ширкат меварзад, ба ифтихори 1150 –солагии асосгузори адабиёти тоҷику форс Абӯ Абдуллоҳи Рӯдакӣ ба муомилот бароварда шуда буд.  Дар саҳифаи интернетии Бонки миллии Тоҷикистон баннери озмун бо ишора ба овоздиҳии интернетӣ ҷой дода шудааст. Аз муштариён ва хонандагон хоҳиш карда мешавад, ки тангаи миллии моро, ки дар озмун иштирок дорад, дастгирӣ намоянд ва мавқеи худро ба ҷонибдории он дар саҳифаи зерин: http://www.coinconference.com/cgi-bin/coins2009_rus.cgi?startrec=120 изҳор намоянд.   Маркази матбуоти БМТ

Возврат к списку