28.04.2009
Қурби миёнаи хариду фурӯши доллари ИМА тамоюли баландшавӣ дошт
Дар давоми рӯзҳои охир қурби миёнаи хариду фурӯши доллари ИМА тамоюли баландшавӣ дошт ва ба ҳисоби миёна 4,0850-4,1050 сомониро ташкил дод. Ҳамчунин қурбҳои миёна аз рӯи амалиёти рубли русӣ ва евро низ тағйир ёфтанд ва мутаносибан 0,1179-0,1203 ва 5,1985-5,2019 сомониро ташкил доданд. Зиёдшавии талабот ба доллари ИМА ва баланд шудани қурби он бештар аз ҳама ба тағйирёбии вазъ ва шартҳо дар бозорҳои байнахалқии молиявӣ ва мол, мавқеи софи фаъолияти иқтисодии хориҷии кишвар вобаста аст. Тамоюли номбурда хосияти кӯтоҳмуддатӣ дорад ва дар айни замон дигаргуншавии талабот ва пешниҳод дар бозори дохилии асъор ба мушоҳида мерасад, ки он ба мӯътадилшавии қурби мубодилавӣ мусоидат хоҳад кард. Маркази матбуоти БМТ