Ҳолати қурбҳои асъори хориҷӣ дар бозори дохилии асъор

Бойгонии ахбор
17.04.2009

Ҳолати қурбҳои асъори хориҷӣ дар бозори дохилии асъор

Дар давоми чанд рӯзи охири соли равон қурби миёнаи хариду фурӯши доллари ИМА ба якчанд банд зиёд шуда, ба ҳисоби миёна дар шаҳри Душанбе 3,8950 – 3,9250 сомониро ташкил дод. Дар бозорҳои байнибонкӣ ва дохилибонкӣ бошад, баръакс аз 3,8858 то 3,8721 сомонӣ поин рафт.  Ҳамзамон, қурби миёнаи хариду фурӯши рубли русӣ ва евро каме тағйир ёфта, мутаносибан 0,1150-0,1160 ва 5,0900-5,1400 сомониро ташкил доданд.  Вазъияти дар бахшҳои бозорҳои байнибонкӣ ва дохилибонкии асъор ба миёномада, аз то андозае зиёд шудани талабот ба рубли русӣ дарак медиҳад, ки қурби миёнаи он дар сатҳи 0,1672 сомонӣ қарор ги- рифт, қурби миёнаи евро бошад, каме поён рафта, 5,1550 сомониро ташкил дод.  Дар айни замон қурби хариду фурӯши доллари ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори шаҳри Душанбе 3,90 – 3,92 сомониро ташкил медиҳад.  Маркази матбуоти БМТ

Возврат к списку