Амонатҳо ба андозаи 5,7 фоиз афзуданд

Бойгонии ахбор
09.04.2009

Амонатҳо ба андозаи 5,7 фоиз афзуданд

Тибқи маълумоти фаврӣ бақияи умумии амонатҳо дар семоҳаи аввали соли равон 2 023,8 млн. сомонӣ баробар шуда, нисбат ба охири соли 2008 ба андозаи 5,7 фоиз афзудааст.  Ҳиссаи амонатҳо бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ дар таркиби ҳаҷми умумии амонатҳо мутаносибан 30,6 фоиз ва 69,4 фоизро ташкил медиҳанд. Ҳаҷми амонатҳои шахсони воқеӣ нисбат ба семоҳаи аввали соли гузашта 158,9 млн. сомонӣ ва ё 25,4 фоиз афзудааст, ки ба ин 48,4 млн. сомонӣ ва ё 8,5 фоиз зиёд гардидани амонатҳо бо пули миллӣ мусоидат намудааст.  Маркази матбуоти БМТ ш. Душанбе 9 апрели с. 2009

Возврат к списку