09.04.2009
Қарздиҳӣ ба андозаи 3,2 фоиз афзуд
Маблағгузориҳои қарзӣ ба иқтисодиёти мамлакат дар семоҳаи аввали соли 2009 мӯътадил афзуданд. Мувофиқи маълумоти фаврӣ бақияи умумии қарзҳо ба ҳолати 31 марти соли 2009 маблағи 5 014,3 млн. сомониро ташкил кард, ки нисбати аввали сол 3,2 фоиз зиёд мебошад. Тамоили мусбии қарздиҳӣ дар семоҳаи аввали соли 2009 аз ҳисоби зиёдшавии ҳиссаи қарзҳо бо пули миллӣ ба даст омадааст. Ҳамчунин тибқи маълумотҳои фаврӣ дар семоҳаи аввали соли равон ҳаҷми қарзҳои додашуда 984,9 млн. сомониро ташкил дод. Ҳаҷми қарзҳои пардохташуда бошад ба 830,6 млн. сомонӣ баробар буд, ки 84,3 фоизи қарзҳои додашударо ташкил медиҳад. Нишондиҳандаи мазкур дар ҳамин давраи соли гузашта танҳо 63,2 фоизро ташкил намуда буд. Маркази матбуоти БМТ ш. Душанбе 9 апрели с. 2009