Қарзҳои хурд 401,3 млн. сомониро ташкил доданд

Бойгонии ахбор
09.04.2009

Қарзҳои хурд 401,3 млн. сомониро ташкил доданд

Қарздиҳии хурд аз самтҳои асосии фаъолияти низоми бонкии мамлакат оид ба дастгирии соҳибкории хурду миёна ба шумор меравад, ки он ба паст шудани сатҳи камбизоатии аҳолӣ мусоидат менамояд.  Тавре аз маълумотҳои фаврӣ бармеояд, ҳаҷми қарзҳои хурди додашуда дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ 401,3 млн. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 17,8 млн. сомонӣ ё ин ки 4,7 фоиз зиёд мебошад. Дар ин давра ба ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон 102,2 млн. сомонӣ қарзҳои хурд дода шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5,1 млн. сомонӣ ё 5,3 фоиз зиёд мебошад.  Маркази матбуоти БМТ ш. Душанбе 9 апрели с. 2009

Возврат к списку