Қурби миёнаи хариду фурӯши рубли русӣ ва евро баланд шуд

Бойгонии ахбор
27.03.2009

Қурби миёнаи хариду фурӯши рубли русӣ ва евро баланд шуд

Дар давоми рӯзҳои охири соли равон қурби миёнаи хариду фурӯши доллари ИМА дар бозори нақдӣ тағйир наёфта, дар сатҳи 3,83 – 3,85 сомонӣ қарор дошт. Дар баробари ин, қурби миёнаи хариду фурӯши рубли русӣ ва евро баланд шуда, мутаносибан 0,1130 – 0.1140 сомонӣ ва 5,08 – 5,13 сомониро ташкил доданд.  Қурби асъорҳое, ки дар бахшҳои бозорҳои байнибонкӣ ва дохилибонкии асъор ба миён омадаанд, аз андаке зиёд шудани талабот ба рубли русӣ ва евро дарак медиҳад, ки ин шаҳодати фаъолтар гаштани амалиётҳо бо рубли русӣ ва евро мебошад. Қурби миёна аз рӯи ин асъорҳо мутаносибан дар сатҳи 0,11336 сомонӣ ва 4,9681 сомонӣ муқаррар гардид. Тамоюли таҳким ёфтани рубли русӣ ва евро нисбати доллари ИМА дар бисёр бозорҳои байналхалқии асъорӣ ба мушоҳида мерасад.  Маркази матбуоти БМТ

Возврат к списку