Қурби миёнаи хариду фурӯши доллари ИМА дар бозори нақдӣ дар сатҳи 3,81-3,83 сомонӣ қарор дошт

Бойгонии ахбор
10.03.2009

Қурби миёнаи хариду фурӯши доллари ИМА дар бозори нақдӣ дар сатҳи 3,81-3,83 сомонӣ қарор дошт

Дар давоми рӯзҳои 5-6 марти соли равон қурби миёнаи хариду фурӯши доллари ИМА дар бозори нақдӣ дар сатҳи 3,81-3,83 сомонӣ қарор дошт.  Қурби асъори хориҷии дар бахшҳои бозорҳои байнибонкӣ ва дохилибонкии асъор ба миёномада аз поёнравии баъзе асъор, бахусус рубли русӣ, ки қурби миёнаи он ба 0,10674 сомонӣ баробар шуд, шаҳодат медиҳад, ҳамчунин қурби миёнаи евро ба тағйироти ҷиддӣ рӯ ба рӯ нашуда, дар сатҳи 4,9425 сомонӣ қарор гирифт. Нисбати доллари ИМА бошад, қурб аз 3,7935 то 3,8040 каме баланд шуд, дар баробари ин, қурби мубодилавии расмии доллари ИМА ҳам каме баланд шуда, 3,7415 сомониро ташкил дод.  Маркази матбуоти БМТ

Возврат к списку