Эълон дар хусуси гузаронидани озмун

Бойгонии ахбор
06.03.2009

Эълон дар хусуси гузаронидани озмун

Бонки миллии Тоҷикистон барои интихоби ширкати аудиторӣ ва гузаронидани аудити берунии фаъолияти бонк дар соли молиявии 2008-2009 (ки 30 апрели соли 2009 анҷом меёбад) озмун эълон мекунад.  Барои иштирок дар озмун ширкатҳои аудиторӣ бояд ҳуҷҷатҳои зеринро ба Бонки миллии Тоҷикистон пешниҳод намоянд:  а) дархости иштирок дар озмун, ки бо имзои роҳбари ширкат ва мӯҳри он тасдиқ шудааст;  б) маълумотнома дар бораи вазъи молиявию иқтисодии ширкати аудиторӣ, ки маълумот дар хусуси ҳаҷми кору хизматрасониҳои (бо доллари ИМА) дар соли молиявии охирин иҷрошударо дарбар мегирад;  в) маҷмӯи ҳуҷҷатҳо бо рӯйхати замимашаванда:  # нусхаи тариқи нотариалӣ тасдиқшудаи ҳуҷҷатҳои таъсисии ширкати аудиторӣ бо назардошти тағйироту иловаҳо;  # тавозуни муҳосиботӣ ва ҳисобот дар бораи фоидаву зиёни ширкати аудиторӣ дар санаи ҳисоботии охирин;  # лоиҳаи шартнома бо зикри арзиши подош (ҳаққи хизмат), нақша ва мӯҳлати гузаронидани тафтиши аудиторӣ. Нархи гузаронидани тафтиши аудиторӣ бояд нархи ниҳоӣ буда, андозҳои дар қонунгузорӣ пешбинишуда ва хароҷоти дигарро дарбар гирад ва бо доллари ИМА ифода ёбад;  # усули гузаронидани аудит.  Мӯҳлати пешниҳоди дархостҳо ва ҳуҷҷатҳо барои иштирок дар озмун то 14 марти соли 2009 муқаррар шудааст.  Аз ширкатҳои аудиторие, ки барои иштирок дар озмун таваҷҷӯҳ зоҳир мекунанд, хоҳиш карда мешавад, ки дархостҳои худро лутфан ба шахси масъули зерин ирсол намоянд:  Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734003, ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 107А, ҷаноби Ҷамшед Зуҳуриддинович Юсупов, Муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон, тел.: +(992 44) 600 32 02, факс: +(992 44) 600 31 48, е-mail: J_Yusupov@nbt.tj  ш. Душанбе, 6 марти с.2009

Возврат к списку