Дар бозори нақдӣ қурби миёнаи доллари ИМА мӯътадил буд

Бойгонии ахбор
05.03.2009

Дар бозори нақдӣ қурби миёнаи доллари ИМА мӯътадил буд

Дар давоми рӯзҳои 3 – 4 марти соли равон дар бозори нақдӣ қурби миёнаи хариду фурӯши доллари ИМА мӯътадил буд ва дар сатҳи 3,81 – 3,83 сомонӣ қарор дошт.  Дар бозорҳои байнибонкӣ ва дохилибонкии асъор фаъолнокии амалиётҳо дар ҷуфти “сомонӣ - рубли русӣ” мушоҳида гардид ва қурби миёнаи он каме поён рафта, 0,1073 сомониро ташкил дод. Аз рӯи ҷуфти “сомонӣ - доллар” бошад, то як андоза фаъолнокии амалиётҳо ба назар расид ва дар баробари ин, қурби миёнаи доллари ИМА аз рӯи додугирифтҳо аз 3,7935 то 3,7695 сомонӣ поён рафт, ҳамчунин поёнравии қурби ниҳоии фурӯши доллари ИМА то 3, 8078 сомонӣ ба мушоҳида мерасад.  Маркази матбуоти БМТ

Возврат к списку