Дар нуқтаҳои мубодилаи асъори шаҳри Душанбе қурби миёнаи хариду фурӯши доллари ИМА каме тағйир ёфт

Бойгонии ахбор
02.03.2009

Дар нуқтаҳои мубодилаи асъори шаҳри Душанбе қурби миёнаи хариду фурӯши доллари ИМА каме тағйир ёфт

26 феврали соли равон, дар давоми рӯз дар нуқтаҳои мубодилаи асъори шаҳри Душанбе қурби миёнаи хариду фурӯши доллари ИМА каме тағйир ёфт. Бинобар сабаби кам шудани шумораи амалиётҳои иҷрошуда каме баландшавии қурби миёнаи хариду фурӯши доллари ИМА ба мушоҳида расид ва он сатҳи 3,81 – 3,83 сомониро ташкил дод.  Дар бозорҳои байнибонкӣ ва дохилибонкии асъор қурби доллари ИМА тағйир наёфт ва дар сатҳи пешина 3,76 – 3,79 сомонӣ қарор дорад.  Маркази матбуоти БМТ

Возврат к списку