Дар маҷмӯъ қурби миёнаи хариду фурӯши доллари ИМА тағйир наёфт

Бойгонии ахбор
20.02.2009

Дар маҷмӯъ қурби миёнаи хариду фурӯши доллари ИМА тағйир наёфт

18 феврали соли равон, дар давоми рӯз дар нуқтаҳои мубодилаи асъори шаҳри Душанбе дар маҷмӯъ қурби миёнаи хариду фурӯши доллари ИМА тағйир наёфт, фақат дар қисмати дуюми рӯз як каме баланд гардида, дар сатҳи 3,79 – 3,80 сомонӣ қарор гирифт.  Бо мақсади мӯътадил нигоҳ доштани қурб дар баъзе минтақаҳои мамлакат ба воситаи нуқтаҳои мубодилаи асъори Бонки миллии Тоҷикистон ва бонкҳои тиҷоратӣ фурӯши асъори хориҷӣ анҷом дода шуд.  Дар бозорҳои байнибонкӣ ва дохилибонкии асъор аз рӯи амалиётҳои иҷрошуда қурби миёнаи доллари ИМА тамоюли то сатҳи 3,76 – 3,78 сомонӣ зиёдшавиро дошт, вобаста ба ин, қурби мубодилавии расмӣ аз 3,7081 сомонӣ то 3,7111 сомонӣ каме баландтар карда шуд.  Маркази матбуоти БМТ

Возврат к списку