18.02.2009
Қурби миёнаи доллари ИМА тағйироти гуногунҷанбаро доро буд
Сешанбе, 17 феврали соли равон дар давоми рӯз дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ноҳияҳои мухталифи шаҳри Душанбе қурби миёнаи доллари ИМА тағйироти гуногунҷанбаро доро буд. Масалан, дар нимаи дуюми рӯз қурби доллари ИМА каме боло рафта, 3,78 - 3,80 сомониро ташкил дод, вале дар баъзе минтақаҳои дигари шаҳр он то 3,73 -3,76 сомонӣ поён рафт. Бо мақсади устувор нигоҳ доштани қурб Бонки миллии Тоҷикистон чораи зурурӣ, аз қабили мудохила (интервенсия) ба бозори асъорро оғоз кард. Илова бар ин, ҳамчунин фаъолнокии бонкҳои тиҷоратӣ дар мавриди фурӯши асъори хориҷӣ бо воситаи нуқтаҳои мубодилаи асъори худ ба мушоҳида расид. Дар бозорҳои байнибонкӣ ва дохилибонкии асъор аз рӯи амалиётҳои иҷрошуда қурби миёнаи доллари ИМА тамоюли баръакс ё бозгаштро дошт ва ба андозаи 0,3 фоиз поён рафта, дар сатҳи 3,73 – 3,76 сомонӣ қарор гирифт. Маркази матбуоти БМТ