Баъди нисфирӯзӣ қурби миёнаи доллари ИМА поин рафт

Бойгонии ахбор
17.02.2009

Баъди нисфирӯзӣ қурби миёнаи доллари ИМА поин рафт

16 феврали соли равон дар давоми рӯз дар нуқтаҳои мубодилаи асъори шаҳри Душанбе сароғоз қурби миёнаи хариду фурӯши доллари ИМА каме баланд шуд, вале баъди нисфирӯзӣ поён рафт ва дар сатҳи 3,75 - 3,77 сомонӣ қарор гирифт.  Дар бозорҳои байнибонкӣ ва дохилибонкии асъор аз рӯи амалиётҳои иҷрошуда пастравии қурби доллари ИМА тамоюли тезтағйирёбиро ба худ касб намуда, дар сатҳи 3,70 - 3,75 сомонӣ истод. Вобаста ба ин, қурби расмии мубодилавии доллари ИМА каме паст карда шуд, яъне аз 3,7190 сомонӣ то 3,7052 сомонӣ поён рафт.  Маркази матбуоти БМТ

Возврат к списку