12.02.2009
Қурби миёнавазни доллари ИМА дар ин марҳила каме поён рафт
11 феврали соли равон вазъият дар бозори асъор бе тағйир боқӣ монд. Қурби миёнаи хариду фурӯши доллари ИМА дар бахши нақдӣ дар сатҳи 3,73 - 3,77 сомонӣ пасту баланд мешуд. Дар бозори байнибонкии асъор зиёдшавии амалиётҳо ҳам дар ҷуфти “доллар - сомонӣ” ва ҳам дар ҷуфти “евро - сомонӣ” ба қайд гирифта шуд. Қурби миёнавазни доллари ИМА дар ин марҳила каме поён рафта, 3,7228 сомониро ташкил намуд, ҳол он ки 10 феврал қурби мубодилавии доллари ИМА ба 3,7317 сомонӣ баробар буд. Маркази матбуоти БМТ