11.02.2009
Тамоюли бомаром тақвият ёфтани талабот ба пули миллӣ ба назар мерасад
10 феврал тамоми рӯз қурби хариду фурӯши доллари ИМА, ки аз ҷониби нуқтаҳои мубодилаи асъори шаҳри Душанбе пешниҳод мешуд, амалан тағйир наёфт ва ба ҳисоби миёна дар сатҳи 3,74-3,77 сомонӣ боқӣ монд. Дар баробари ин, қурби миёнавазни хариду фурӯши доллари ИМА, ки инъикосгари амалиёти амалан дар дар бозори асъор гузаронидашуда мебошад, як каме (0,3 фоиз)поин рафт ва дар охири рӯз барои 1 доллари ИМА 3,7617 сомониро ташкил дод. Вобаста ба ин, қурби Бонки миллии Тоҷикистон барои доллари ИМА нисбати сомонӣ аз 3,7449 то 3,7317 сомонӣ паст карда шуд. Нишондиҳандаҳои мазкур, ҳамчунин ҳолати талабот ва пешниҳод дар бозори асъор тамоюли бомаром тақвият ёфтани талабот ба пули миллиро инъикос менамояд. Маркази матбуоти БМТ