10.02.2009
Дар бозори нақдии нуқтаҳои мубодилаи асъор вазъият бе тағйир боқӣ мемонад
9 феврали соли 2009 муомилот дар бозори байнибонкии асъор дар сатҳи ҳаҷмҳои миёнаи омории хариду фурӯши асъори хориҷӣ анҷом дода шуданд. Нисбатан фаъолтар муомилот дар ҷуфти “доллар-сомонӣ” ба назар мерасад. Бо вуҷуди он ки ҳаҷми муомилот дар ҷуфтҳои “евро-сомонӣ” ва “рубли русӣ-сомонӣ” дар ҳаҷми умумии хариду фурӯши асъор ҳиссаи камтарро ишғол менамоянд, ба ҳар сурат болоравии муайяни онҳо мушоҳида мегардад. Дар бозори нақдии нуқтаҳои мубодилаи асъор вазъият бе тағйир боқӣ мемонад, дар баробари ин, қурби мубодилавии доллари ИМА ба як банд поён рафт. Маркази матбуоти БМТ