Мувофиқи Қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 28 январи соли 2009 бо мақсади самаранокии сиёсати пулию қарзӣ, ки ба рушди иқтисодиёт мусоидат менамояд ва барои таъмини пардохтпазирии ташкилотҳои

Бойгонии ахбор
28.01.2009

Мувофиқи Қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 28 январи соли 2009 бо мақсади самаранокии сиёсати пулию қарзӣ, ки ба рушди иқтисодиёт мусоидат менамояд ва барои таъмини пардохтпазирии ташкилотҳои

Масъалаҳои мубрами низоми бонкдорӣ, рушди иқтисоди кишвар ва мавзуъоти дигар соҳа дар нишасти матбуотии навбатии Бонки миллии Тоҷикистон, ки 27 январи соли 2009 барои хабарнигорони дохилию хориҷӣ баргузор гардид ва он ба натиҷаҳои фаъолияти Бонки миллии Тоҷикистон дар соли 2008 бахшида шуда буд, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Дар он аъзои раёсати БМТ, роҳбарият ва сардорони Идораю шӯъбаҳои бонк ширкат вариданд.  Сароғоз дар назди рӯзноманигорон Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ш. Раҳимзода суханронӣ намуда, қайд кард, ки дар соли равон раванди рушди мӯътадили иқтисодиёт ва беҳтаршавии вазъи макроиқтисодӣ идома ёфт. Аз он ҷумла:  ММД  - дар с.2008: 17 609,3 млн. сомонӣ, зиёдшавии воқеӣ 7,9%; - дар с.2007: 12 779,7 млн. сомонӣ, зиёдшавии воқеӣ 7,8%;  2. Таваррум  Дар с.2007 ба 19,7% расида буд; дар с.2008 ба 11,8% расид (7,9 банди фоизӣ назар ба с.2007 паст шуд):  - нархи маҳсулоти озуқаворӣ 13,0%; - маҳсулоти ғайриозуқа 5,0%; - хизматрасонии пулакӣ 20,6% (газ, қувваи барқ, чиптаҳои нақлиёти ҳавоӣ ва роҳи оҳан); Дурнамои таваррум барои с.2009 то 13%.  3. Қурби пул (нисбати доллари ИМА)  -Соли 2008 қурби расмӣ 0,4% устувор гашт; - қурби харидорӣ 0,1% устувор гашт.  4. Ҳаҷми пул  - Пулҳои захиравӣ: 1 855,5 млн. сомонӣ, афзоиш 30,8% (437,1 млн. сомонӣ) нисбат ба соли қаблӣ; - ҳаҷми пул (М2): 1 717,8 млн. сомонӣ, афзоиш 21,8% нисбат ба соли қаблӣ; - ҳаҷми пулҳои нақд дар муомилот: 1 565,9 млн. сомонӣ, афзоиш қариб 40,0% (456,2 млн. сомонӣ) нисбат ба соли қаблӣ.  5. Сиёсати пулӣ  - Кам кардани захираҳои ҳатмӣ аз 12% ба 9% ва 11%; - меъёри бозтамвил аз 16,0% то 13,5% паст шуд.  Ҳаҷми умумии захираҳои тиллоию-асъорӣ ба ҳолати 31 декабри соли 2008-ум 198,6 млн. долл. ИМА ташкил медиҳад. Дар давоми сол:  - хариди асъори хориҷӣ 220,1 млн. долл. ИМА; - хариди филизот ба миқдори 791,2 кг ($21,7 млн.);  БМТ қарзҳои зерини беруниро пардохт намуд:  $152,0 млн. ба ҶСП “Казкоммертсбонк” (Қазоқистон); $51,2 млн. ба Дойче Бонк (Олмон); $40,0 млн. ба “Коммерсбонк АГ” (Олмон); $29,9 млн. ба ХБА (мувофиқи нақша); $12,7 млн. фоизи қарзҳо ба бонкҳои хориҷӣ.  6. Низоми бонкӣ  - Ташкилотҳои қарзӣ 112 адад: 12 бонк ва 100 ташкилотҳои молиявии ғайрибонкӣ, аз ҷумла: 8 ҷамъияти қарздиҳӣ, 14 ташкилоти амонатии кредитии хурд, 37 ташкилоти қарзии хурд, 41 фонди қарзии хурд.  Маълумоти фаврӣ:  -дороиҳои умумӣ: 6 135,7 млн. сомонӣ, афзоиш 8,3 фоиз; - ӯҳдадориҳои умумӣ: 5 132,8 млн. сомонӣ, афзоиш 2,6 фоиз; - сармояи тавозунӣ: 1 002,9 млн. сомонӣ, афзоиш 52,0 фоиз;  7. Амонатҳо (маълумоти фаврӣ)  - Ҳаҷми бақияи умумӣ: 2 180,3 млн. сомонӣ; - амонатҳои шахсони воқеӣ 33,8% афзуданд; - фоизи миёнавазни амонатҳои мӯҳлатдор: 16,3% бо пули миллӣ ва 13,8% бо асъори хориҷӣ;  8. Қарзҳо (маълумоти фаврӣ)  - Бақияи умумии қарзҳо: 4 871,3 млн. сомонӣ, афзоиш 22,5% нисбат ба соли 2007; - бо пули миллӣ 2,3 маротиба афзуда, бо асъори хориҷӣ 13,1% кам шуданд; - ҳиссаи қарзҳо бо пули миллӣ 46,7 фоиз (22,8 банди фоизӣ афзуд) ва бо асъори хориҷӣ 53,3 фоизро ташкил доданд; - ҳаҷми қарзҳои додашуда 3 930,1 млн. сомонӣ; - ҳаҷми қарзҳои пардохтшуда 3 006,8 млн. сомонӣ; - ҳаҷми қарзҳои кӯтоҳмӯҳлат 4 133,9 млн. сомонӣ; - ҳаҷми қарзҳои дарозмӯҳлат 737,4 млн. сомонӣ; - мӯҳлати миёна аз 334 то 349 рӯз расид.  9. Қарзҳои хурд (маълумоти фаврӣ)  - Ҳаҷми қарзҳои хурди додашуда 1 663,3 млн. сомонӣ, афзоиш нисбат ба соли гузашта 636,8 млн. сомонӣ ё 62,0%; - аз он ҷумла ба н.кӯҳистон додашуда 434,2 млн. сомонӣ, афзоиш нисбат ба соли гузашта 138,7 млн. сомонӣ ё 46,9%; - шумораи қарзҳои хурд: 270,8 ҳаз. адад, афзоиш 14,6%; - аз он ҷумла ба н. кӯҳистон: 94,3 ҳаз. адад, афзоиш 9,1%.  10. Низоми пардохт  -Шумораи умумии пардохтҳо дар ҷумҳурӣ 8 413,2 ҳазор адад, афзоиш нисбат ба с. 2007-ум 2 маротиба; - ҳаҷми умумии пардохтҳо 75 848,0 млн. сомонӣ, афзоиш 36,2 фоиз; - 49 337 адад кортҳои пластикӣ, афзоиш 33,8%; - 46 372 нафар дорандагон, афзоиш 26,2%; - 124 адад банкоматҳо, афзоиш 41,0%; - 114 адад нуқтаҳои пешниҳоди пули нақд, афзоиш 20,0%; - 69 адад терминалҳо дар нуқтаҳои савдо ва хизматрасонӣ, афзоиш 46,8%.  Дар рафти вохӯрӣ хабарнигорони дохилию хориҷӣ асосан ба масъалаҳои муҳими рӯз, аз қабили болоравии қурби пули миллӣ, қарздиҳӣ ба ноҳияҳои кӯҳистон, дастгирии соҳибкорӣ, ҷалби сармоя, сабаби болоравии нархҳо, ташкили Биржаи фурӯши асъор, ворид намудани тағйирот ба қонунҳои бонкӣ, хазинаи захираҳои ҳатмӣ, ҳалли масъалаҳои қарзҳои соҳаи пахтакорӣ, мушкилоти бозгашти онҳо, пардохти қарзҳои Хазинаи байналмилалии асъор, меъёри бозтамвили Бонки миллии Тоҷикистон ва ғайра мароқ зоҳир намуданд.  Дар поёни нишасти матбуотӣ Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ш. Раҳимзода ва бархе аз сардорони Идораҳои бонк ба суолҳои хабарнигорон ҷавобҳои пурраю комил доданд.

Возврат к списку