Таъсири бӯҳрони молиявии ҷаҳонӣ ба низоми бонкии Тоҷикистон

Бойгонии ахбор
30.09.2008

Таъсири бӯҳрони молиявии ҷаҳонӣ ба низоми бонкии Тоҷикистон

Низоми молиявии ИМА ва як қатор кишварҳои Аврупо ҳоло бӯҳрони амиқи норасоии воситаҳои зудфурӯши нақдшавандаро аз сар гузаронида истодааст. Барои ҳалли ин масъала кишварҳои номбаршуда дар марҳилаи аввал ширкатҳои нисбатан калони худро таҷдиди сохтор (реструктуризатсия) намуда, дигар ширкатҳои дучори ин мушкилот гардидаро ғайри қобили пардохт эълон кардаанд.  Бояд гуфт, ки бӯҳрони мазкур ба низоми молиявии кишвари мо мустақиман таъсир расонида наметавонад, зеро сармояи бонкҳои мо дар бозорҳои молиявии ин кишварҳо, ҳамчунин сармояи онҳо дар низоми бонкии мо мавҷуд нест. Дар баробари ин, аз сабаби ночиз будани миқёси бозори дохилии коғазҳои қиматнок (фондӣ) иштироки сармояи ин кишварҳо дар мамлакати мо мушоҳида намешавад.  Аз ҷумлаи хавфу хатари имконпазире, ки эҳтимол дорад ба бонкҳои Тоҷикистон ва шаҳрвандони он таҳдид кунад, ин “хавфи қурби асъор” мебошад, зеро қурб ба арзиши пасандозу амонатҳои бо асъори хориҷӣ гузошташуда, ки дар айни замон якбора тағйир ёфтааст, метавонад таъсир расонад.  Бинобар ин, барои ба ташвишу изтироб афтодани шаҳрвандон нисбати устувории низоми бонкии мамлакат асосе вуҷуд надорад. Ҳамзамон, ба хотири пешгирӣ кардани ҳар гуна хавфу хатарҳои имконпазир тавсия медиҳем, ки пасандозҳо ва маблағҳои худро бо пули миллӣ нигоҳ доред.  Маркази матбуоти БМТ

Возврат к списку