15.09.2008
МАШВАРАТ БО НАМОЯНДАГОНИ БОНКИ ҶАҲОНӢ
10 сентябри соли равон дар Бонки миллии Тоҷикистон дидору мулоқоти гурӯҳи кории намояндагони Бонки Ҷаҳонӣ - Бред Колман ва Эрик Хейдорн, бо намояндагони Бонки миллии Тоҷикистон баргузор гардид. Мақсад аз мулоқоти гурӯҳи кории Бонки Ҷаҳонӣ, ки он дар доираи барномаи “Баҳодиҳии соҳаи молиявӣ (FSAP)” сурат мегирад, расонидани ёрии техникӣ ва такмили қонунгузории бонкӣ буда, масъалаи мазкур дар ҷаласаи намояндагони гурӯҳи корӣ бо ходимони Бонки миллии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ҳайати корӣ дар ҳамҷоягӣ бо намояндагони Бонки миллии Тоҷикистон дар мавриди таҳлил ва омода намудани лоиҳаҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон” ва “Дар бораи бонкҳо ва фаъолияти бонкӣ” мубодилаи афкор намуданд. Муҳокимаву баррасии масоили матраҳгашта то 22 сентябри соли равон идома хоҳад ёфт.