Машварат дар Бонки миллӣ

Бойгонии ахбор
04.04.2008

Машварат дар Бонки миллӣ

Имрӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон бо иштироки мутахассисони Бонки миллӣ, намояндагони ташкилотҳои қарзӣ ва шахсони воқеӣ - соҳибони нуқтаҳои мубодилаи асъор, бахшида ба муҳокимаи лоиҳаи Дастурамал “Дар бораи нуқтаҳои мубодилаи асъор ва хизматрасонии интиқолҳои пулӣ” машварати корӣ доир гардид.  Сухани муқаддимавиро мувоини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷ. Юсупов ифтитоҳ намуда, дар бораи зарурати беҳтар намудани фаъолияти нуқтаҳои мубодилаи асъор суханронӣ намуда, таъкид намуд, ки кори баъзе аз нуқтаҳои мубодилаи асъор ба талабот ҷавобгӯ нестанд, аз ин рӯ зарурати ворид намудани тағйироту иловаҳо ба ин Дастурамал ба миён омадад, ки имрӯз ба муҳокимаи шумо пешниҳод мегардад.  Баъдан Сардори Идораи танзими асъор Ҳ. Саидов доир ба таҳлили вазъи бозори дохили асъори нақд ва фаъолияти бонкҳо дар ин бозор андешаронӣ намуд.  Шарҳи нуқтаҳои асосии Лоиҳаи Дастурамал “Дар бораи нақтаҳои мубодилаи асъор ва хизматрасонии интиқолҳои пулӣ” дар баромади муовини сардори Идораи танзими асъор М. Мавлонов мавриди гуфтугӯ қарор гирифт.  Дар муҳокимаи масъалаҳои пешниҳодгашта намояндагони ташкилотҳои қарзӣ ва шахсони воқеӣ низ фикру андешаи худро изҳор доштанд.

Возврат к списку