07.03.2008
Шарҳи мухтасар оид ба қарори қабулкардаи Шӯрои иҷроияи ХБА аз рӯи натиҷаи татбиқи Барномаи паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва мусоидати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон
5 марти соли 2008 ҷаласаи Шӯрои иҷроияи Хазинаи байналхалқии асъор (ХБА) баргузор гардид, ки дар он масъалаи пешниҳоди маълумоти носаҳеҳ (хато) баррасӣ шуд. Вобаста ба он, дар бораи аз моҳи сентябри соли равон сар карда, марҳила ба марҳила баргардонидани маблағи 29,4 млн. СДР дар шаш ҳиссаи баробари пардохти ҳармоҳа қарор қабул карда шуд. Бонки миллии Тоҷикистон имконият дорад дар ҳаҷми пурра ва дар мӯҳлати муқарраршуда сари вақт қарори қабулгардидаи Шӯрои иҷроияи Хазинаи байналхалқии асъорро иҷро намояд. Маркази матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон ш. Душанбе, 6 марти с. 2008