Қабули ҳисоботи солонаи бонкҳо сар шуд

Бойгонии ахбор
01.02.2008

Қабули ҳисоботи солонаи бонкҳо сар шуд

Мутобиқи Қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон 1 феврали соли ҷорӣ комиссияи қабули ҳисоботи солонаи бонкҳо, ташкилотҳои молиявии ғайрибонкӣ, ташкилотҳои амонатии крдетии хурд ва аудиторони бонкӣ ҳисоботи солонаи бонкҳо, ташкилотҳои молиявии ғайрибонкӣ, ташкилотҳои амонатии кредитии хурд ва аудиторони бонкиро аз рӯи ҷамъбасти соли 2007 мавариди қабул ва баррасӣ қарор дод.  Дар рӯзи аввал комиссияи қабул, ки ба он Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ш. Раҳимзода сарварӣ мекунад, ҳисоботи ҶММ ТАКХ “КРЕДИТ-ЭКСПРЕСС”, “СЕРВИС КРЕДИТ”, “ФИНКА”, “Азизӣ Инвест”-ро шунида, муҳокима намуд ва фаъолияти онҳоро қаноатбахш арзёбӣ намуд.  Қабули ҳисоботҳои солонаи ташкилотҳои молиявии ғайрибонкӣ, ташкилотҳои амонатии крдетии хурд ва аудиторони бонкӣ то 5 марти соли равон идома меёбад.

Возврат к списку