05.02.2008
Мулоқот бо намояндагони созмонҳои кӯмакрасон
4 феврали соли равон дар Бонки миллии Тоҷикистон мулоқоти гурӯҳи иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати Мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ М. Давлатов, вазири рушди иқтисод ва савдо Ғ. Бобозода, вазири молия С. Наҷмуддинов, раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ш. Раҳимзода, раиси Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Ф. Ҳамралиев бо намояндагони созмонҳои молиявии байналхалқӣ, аз ҷумла ҳайати махсуси Бонки ҷаҳонӣ барпо гардид. Дар рафти мулоқот вазъи мураккаби соҳаи энергетика, ки дар натиҷаи сардиҳои зимистони имсола ба вуқӯъ пайваст, мавриди баҳсу гуфтугӯ ҷиддӣ қарор гирифт. Мушовири давлатии Президент М. Давлатов изҳор дошт, ки бинобар сабаби зуҳуроти бӯҳронӣ, ки дар натиҷаи сардиҳо, камобиҳо ва офатҳои табиӣи ғайричашмдошт ба таъминоти маводи хӯрокии мамлакат таъсири манфӣ расонида, вазъи соҳаҳои саноат, кишоварзӣ ва аҳолии мамлакатро душвору вазнин кард, ки чунин ҳолат метавонад ба натиҷаҳои ислоҳоти иқтисодии амалишаванда дар ҷумҳурӣ таъсири амиқ расонад. Бинобар нокифоя будани захоири газу барқ тайи рӯзҳои охир қариб тамоми корхонаҳои саноатӣ ва дигар ташкилотҳои хизматрасонӣ фаъолияти худро қатъ намуданд. Ҳамчунин, дар натиҷаи сардиҳои сахт аксари боғоту токзорҳои кишвар зарари ҷиддӣ дида, 700 гектар кишти картошказор ба тамом аз байн рафт. Бинобар ҳисоботи пешакӣ зарари ба иқтисодиёти кишвар расонида 850 миллион сомониро ташкил медиҳад. Дар мулоқот муроҷиати расмии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати расонидани кӯмаки таъҷилӣ баҳри бартараф намудани оқибатҳои фалокатбори офатҳои табиӣ ба самъи намояндагони созмону ташкилотҳои байналхалқӣ ва мамлакатҳои ҷаҳон расонида шуд. Иштирокдорони вохӯрӣ ба мувофиқа расиданд, ки дар рӯзҳои наздик Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон номгӯи маводи ниёзи аввалия ва механизми истифодаи онҳоро ба ташкилоту давлатҳои кӯмакрасон пешниҳод менамояд.