06.02.2008
Дар Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон
Бо мақсади фароҳам овардан ва тараққӣ додани бозори хизматрасонии маблағгузории хурд дар ҷумҳурӣ ва рушди соҳибкорӣ Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон қарор намуд: Дар банди 5.2.-и Низомномаи №137 “Дар бораи фондҳои қарзии хурд”, ки бо Қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2005, №73 тасдиқ шудааст, “Андозаи ниҳоии қарзи хурд барои як қарзгиранда, ки аз ҷониби фонди қарзии хурд дода мешавад, набояд аз маблағи баробари “$20 000” зиёд бошад, рақами “$20 000” ба “$50 000 (панҷоҳ ҳазор)” иваз карда шавад.