29.02.2008
Муовини нави Раиси Бонки миллии Тоҷикистон
Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 27 феврали соли 2008 Ҳақназаров Турақул Имомович муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон таъйин карда шуд. Муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳақназаров Турақул Имомович 15 декабри соли 1965 дар ноҳияи Восеъи вилояти Кӯлоб (ҳоло вилояти Хатлон) дар оилаи хизматчӣ таваллуд шудааст. Соли 1983 ба Донишкадаи идораи ба номи Орҷоникидзеи шаҳри Москва дохил шуда, соли 1991 Академияи давлатии идораи шаҳри Москваро бо ихтисоси “ташкили роҳбарӣ дар хоҷагидории шаҳрӣ” хатм намуд. Аз моҳи август то моҳи декабри соли 1991 ба ҳайси лаборанти калони Пажуҳишгоҳи иқтисодии Академия улуми Тоҷикистон кор кард, сипас дар Вазорати молия дар вазифаи мутахассиси асосӣ ва дар завод оид ба истеҳсоли техникаи ҳисоббаробарӣ ҳамчун сармуҳосиб фаъолият намуд. 15 июни соли 1995 ҳамчун иқтисоддони пешбар ба Идораи сиёсати пулӣ-қарздиҳии Бонки миллии Тоҷикистон ба кор омад ва дар вазифаҳои сардори шӯъбаи таҳлили фаъолияти бонкҳо, сардори Идораи назорати бонкӣ ва иҷозатномадиҳӣ ифои вазифа намуд. 27 феврали соли 2008 ба вазифаи муовин Раиси Бонки миллии Тоҷикистон таъйин гардид. Оиладор, соҳиби 3 фарзанд мебошад.