28.12.2007
Машварат дар Бонки миллии Тоҷикистон
27 декабри соли равон дар Бонки миллии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарони вазорату кумитаҳои кишоварзӣ ва ҳифзи табиат, адлия , молия, рушди иқтисод ва савдо, мелиоратсия ва захираҳои об, агентии заминсозӣ, харитасозӣ ва геодезӣ, намояндагони Дастгоҳи Иҷроияи Президенти ҷумҳурӣ, Бонки миллӣ ва бонкҳои тиҷоратӣ машварати корӣ баргузор гардид. Дар он масъалаҳои иҷрои супоришҳои Сардори давлат оиди бо захираҳои молиявӣ таъмин намудани соҳаи кишоварзӣ, ки дар мулоқоти Президенти ҷумҳурӣ бо соҳибкорони ватанӣ баён гардида буданд, мавриди муҳокимаи ҳаматарафа қарор гирифтанд. Иштирокчиёни машварат оиди механизми нави маблағгузории хоҷагиҳои пахтакор пешниҳод карданд, ки сертификати ҳуқуқи истифодаи замин барои гирифтани қарз ҳамчун гарав истифода шавад. Барои ҳалли ин масъала дар навбати аввал биржаи фурӯши сертификатҳои мазкурро ташкил кардан зарур аст. Пешниҳод гардид, ки Низомномаи тартиби қарздиҳӣ ба соҳаи кишоварзӣ ва тартиби соддаи кушодани суратҳисобҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ дар бонкҳо ва ташкилотҳои қарзӣ, тавсияҳо оиди даромаднокӣ ва самаранокии зироатҳои дар шароити Тоҷикистон ва минтақаҳои он киштшавандаи даромаднокиашон бештар, Дастурамали баҳисобгирии муҳосибавӣ дар хоҷагиҳои деҳқонӣ, механизми соддаи ташкил намудани хоҷагиҳои деҳқонӣ ва додани Сертификат, Низомномаи ҳуқуки истифодабарии замин барои гарав таҳия ва пешкаш карда шаванд. Бо пешниҳоди Раиси Бонки миллии Тоҷикистон М. Алимардон иштирокдорони ҷаласа ба мувофиқа расиданд, ки барои ҳалли ҳарчи зудтари масоили боло аз ҳисоби мутахассисони вазорату идораҳои дахлдор ва бонкҳо ду гурӯҳи корӣ таъсис дода шавад. Гурӯҳҳои номбурда паҳлӯҳои ҳуқуқӣ ва иқтисодии масъалаҳои муҳокимашударо омӯхта, дар мӯҳлати муайяншуда пешниҳодҳои худро ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешкаш мекунанд.