Машварат дар Бонки миллии Тоҷикистон

Бойгонии ахбор
29.11.2007

Машварат дар Бонки миллии Тоҷикистон

29 ноябри соли 2007 дар Бонки миллии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарони бонкҳои тиҷоратӣ, намояндагони дастгоҳи иҷроияи Президент, Вазоратҳои молия, кишоварзӣ, маҷлиси машваратӣ доир гашт, ки дар он масъалаҳои додани қарз ба хоҷагиҳои деҳқонӣ аз ҷониби бонкҳо ва омодагӣ ба мулоқоти дар пешистодаи Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо соҳибкорон мавриди баррасӣ қарор гирифт.  Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Муродалӣ Алимардон мулоқотро оғоз намуда, қайд кард, ки масъалаи аз ҷониби бонкҳо додани қарз ба хоҷагиҳои деҳқонӣ, алалхусус дар шароити имрӯза, ки нархи маводи хӯрокӣ дар миқёси ҷаҳон рӯз то рӯз боло меравад, масъалаи муҳим ва ҳалталаби рӯз мебошад.  Мақсади ҷамъомади имрӯзаи мо, - қайд намуд М. Алимардон, - он аст, ки дар якҷоягӣ бо Вазоратҳои молия, рушди иқтисодӣ ва савдо ва кишоварзӣ шакли беҳтари додани қарз ва таъмини бозгашти онро муайян намоем. Бояд кӯшиш ба харҷ дод, то ҳуҷҷатгузории додани қарз ба деҳқонон то ҳадди имкон содда ва фаҳмо бошад. Ба хотири амалӣ гаштани ин мақсад пешниҳод мегардад, ки аз ҳисоби намояндагони Бонки миллӣ, бонкҳои тиҷоратӣ, Вазоратҳои молия, рушди иқтисодӣ ва савдо ва кишоварзӣ гурӯҳи корӣ ташкил гардад, то ки онҳо дар маҳалҳо бо мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ, раисони хоҷагиҳои деҳқонӣ оиди масъалаи мазкур корҳои фаҳмондадиҳӣ баранд. Лоиҳаи низомномаи тартиби додани қарз омода шудааст, ки он ҷиҳати пурра ва мукаммал намудан пешкаши гурӯҳи корӣ мегардад ва моро лозим аст, то онро дар кӯтоҳтарин мӯҳлат тасдиқ намуда, мавриди истифода қарор диҳем.  Ҳамчунин моро лозим аст, то масъаларо тавре ба роҳ монем, ки бонкҳо кафолати боз гардонидани қарзҳоро дошта бошанд. Қаблан пешниҳод шуда буд, ки гувоҳномаи ҳуқуқи истифодаи замин ҳамчун гарави қарз истифода шавад. Моро лозим аст, то дар мадди аввал сарчашмаҳои қарзҳоро пайдо намоем ва бештар ба сармоягузории дохилӣ диққат дода, фаъолиятро дар ҷалби сармояи хориҷӣ низ тақвият бахшем. Ман мутмаинам, ки - гуфт Раиси Бонки миллии Тоҷикистон М. Алимардон, - агар мо дар якҷоягӣ амал кунем, масъалаи мазкур ба таври мусбӣ ҳал мегардад, зеро бонкҳо дар додани қарзҳо малакаву таҷрибаи хуб доранд.  Мушовири Президент оид ба масъалаҳои сиёсати иқтисодӣ Н. Бӯриев, намояндаи Вазорати кишоварзӣ С. Валиев пешниҳод намуданд, ки масъалаи таъмини маблағгузории ҳосили ояндаро сари вақт ҳал кардан зарур аст. Дигар аз баромадкунандагон, раиси Раёсати ҶСК “Ориёнбонк” Ҳ. Саъдуллоев, муовини аввали раиси Раёсати ҶСК “Агроинвестбонк” М. Вафоев, раиси Раёсати ҶСП “Тоҷпромбонк” Ҷ. Зиёев, раиси Раёсати БДА “Амонатбонк” М. Маҳмадаминов зимни суханронии худ қайд намуданд, ки масъалаи қарзҳои мавҷудаи соҳаи кишоварзӣ, масъалаи ҳамчун гарав гузоштани гувоҳномаи истифодаи замин бояд ба таври ҷиддӣ дар сатҳи баланд ва дар чаҳорчӯбаи қонун ҳаллу фасл гардида, барои хариду фурӯши ин гувоҳномаҳо биржаи хариду фурӯши гувоҳномаҳои истифодабарии замин таъсис гардад.  Худи ҳамин рӯз гурӯҳи корӣ ба фаъолият шурӯъ кард.

Возврат к списку