25.09.2007
Мулоқоти муҳим дар Бонки миллии Тоҷикистон
24 сентябри соли ҷорӣ дар Бонки миллии Тоҷикистон мулоқоти гурӯҳи иқтисодии ҷумҳурӣ дар ҳайати Мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати иқтисоди Давлатов М., Вазири молия Наҷмиддинов С., Вазири рушди иқтисод ва савдо Бобозода Г., Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи моликияти давлатӣ Раҳимзода Ш. ва Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Алимардон М. бо Директори бюрои Аврупо, Шарқи наздик, Амрико, Осиёи марказӣ ва шарқии Вазорати рушди байналхалқии Британия Кабир хонум Сю Вордел ва сардори шӯъбаи Аврупо ва Осиёи марказии вазорати номбурда хонум Полин Хейс баргузор гардид. Мушовири давлатии Президенти ҶТ оид ба сиёсати иқтисоди Давлатов М., меҳмононро бо вазъи ҷамъиятию иқтисодии ҷумҳурӣ, дастовардҳо дар соҳаҳои гуногуни иқтисод, фазои инвеститсионӣ, ҷанбаҳои афзалиятноки инкишофи истеҳсолот ва сохтмони нирӯгоҳҳои обию барқӣ шинос намуд. Хонум Сю Вордел дар навбати худ изҳор дошт, ки намояндагии Вазорати рушди байналхалқии Британия Кабир дар Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Ҳукумати Тоҷикистон ва ташкилотҳои байналхалқии кӯмакрасон дар масъалаҳои дастгирии татбиқи барномаҳое, ки барои паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар ҷумҳӯрӣ равона карда шудаанд, фаъолияти худро пеш мебарад. Дар айни замон амалӣ намудани як зумра лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳои рушди ичтимоӣ, бахши хусусӣ, тандурустӣ, кишоварзӣ, идораи молияи давлатӣ ва бахши об идома доранд. Вазорат инчунин дар гузаронидани санҷиш ва баҳодиҳии Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон кӯмаки машваратӣ анҷом медиҳад. Дар ҷараёни мулоқот лоиҳаҳои амалкунандаи муштарак, муносибатҳои дуҷонибаи судманд байни Ҳукумати ҶТ ва Вазорати рушди байналхалқии Британия Кабир мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Маълумоти мо: Вазорати рушди байналхалқии Британия Кабир вазорати Ҳукумати Шоҳигарии Муттаҳида ба шумор рафта, мақсади он паст кардани сатҳи камбизоатӣ, мусоидат ба рушди устувор ва ба даст овардани мақсадҳои нақшаҳои инкишофи Ҳазорсола мебошад. Вазорати рушди байналхалқии Британия Кабир фаъолияти худро дар Тоҷикистон соли 2003 оғоз намудааст.