Бонки миллии Тоҷикистон тангаҳои хотиравиро ба муомилот баровард

Бойгонии ахбор
05.09.2007

Бонки миллии Тоҷикистон тангаҳои хотиравиро ба муомилот баровард

Ба ифтихори 800-солагии шоир ва мутафаккири бузург Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ (соли 2007) Бонки миллии Тоҷикистон ду намуд тангаи хотиравиро аз филизоти қиматбаҳо (нуқра) ва филизоти ранга (хӯлаи мису-никел ва синк) ба муомилот баровард.  Тангаи аз филизоти қиматбахо (нуқра) сохташуда барои ҳадафҳои коллексионӣ ва тангаи аз филизоти ранга сохташуда ба муомилот бароварда шуда, дар баробари тангаҳои ҳамарзиши барориши солҳои 2001-2006 гардиш мекунанд.  Маълумоти бештареро оиди тангаҳои зикршуда метавон дар қисмати «Пулҳои коғазӣ» («Тангаҳои хотиравӣ»)-и сайти Бонки миллии Тоҷикистон пайдо кард.

Возврат к списку