31.08.2007
Дар БМТ оиди масъалаҳои бахши пахтакорӣ семинар баргузор гардид
31 августи соли 2007 дар Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) дар мавзӯи сохтор ва ташкилотҳои бахши пахтакорӣ бо ташаббуси Бонки осиёии рушд (БОР) ва дар ҳамкори бо БМТ семинар доир карда шуд. Дар кори семинар намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳои мамлакат, БМТ, бонкҳои тиҷоратӣ, сармоягузорони дохилӣ ва роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ ширкат варзиданд. Семинар бо мақсади муҳокимаи назари умумии ташкили бахши рақобатпазири барои тамоми ҷонибҳои ҳавасманд манфиатовар, ташкили сохтори саноат ва баррасии мушкилоти асосие, ки пеши роҳи рушди соҳа мебошанд, гузаронида шуд.