28.08.2007
Мулоқот бо ҳайати муштараки БҶ ва ХБА
29 августи соли равон Дар Бонки миллии Тоҷикистон мулоқоти роҳбарияти БМТ ва Вазорати молияи ҷумҳурӣ бо ҳайати муштараки Бонки ҷаҳонӣ (БҶ) ва Хазинаи байналхалқии асъор (ХБА) таҳти сарварии ҷаноби Ҳурмуз Агдей, ки бо мақсади арзёбии бахши молиявии мамлакат дар Душанбе қарор доранд, баргузор гардид. Роҳбар ва аъзои ҳайати номбурда Барномаи арзёбии ниҳоии бахши молиявии Тоҷикистонро муаррифӣ намуданд. Дар ҷараёни мулоқот иброз гардид, ки ҳайати мазкур дуюмин ба шумор рафта, он муайян намудани паҳлӯҳои пурқувват ва заифи макроиқтисодӣ, хавфҳо ва масъалаҳои пардохтпазириро дар бар мегирад. Меҳмонон диққати аҳли нишастро ба ҷанбаҳои мусбии инкишофи низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нишондиҳандаҳои он ҷалб намуданд. Аз он ҷумла, қайд гардид, ки низоми бонкӣ устуворона инкишоф меёбад, ҳаҷми амонатҳо ва пешниҳоди қарзҳо меафзояд, пешравии кор дар назорати бонкии БМТ ба назар мерасад, дастрасии озод ба сарчашмаҳои маблағгузорӣ ба даст омада истодааст, мӯҳлати пардохти қарзҳо дароз гашта, корҳои назаррас дар ҷодаи рушд ва таҳкими бахши суғурта ва ғайра идома доранд. Раиси Бонки миллии Тоҷикистон М. Алимардон дар навбати худ ба аъзои ҳайати муштарак барои арзёбии ҳамаҷонибаи бахши молиявии мамлакат ва тавсияҳои мушаххас изҳори миннатдорӣ намуда, изҳор дошт, ки ҳамкориҳои судманди сеҷониба байни БМТ, ХБА ва БҶ дар оянда низ идома хоҳанд ёфт.