Вохӯрии мақомоти роҳбарии БМТ ва ЭСКИМ бонки Хитой

Бойгонии ахбор
22.08.2007

Вохӯрии мақомоти роҳбарии БМТ ва ЭСКИМ бонки Хитой

21 августи соли равон дар Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) вохӯрии Раиси БМТ Муродалӣ Алимардон бо Раис ва президенти ЭСКИМ бонки Хитой ҷаноби Ли Жео Гу, ки бо сафари расмӣ дар кишвари мо қарор дорад, баргузор гашт. Раиси Бонки миллии Тоҷикистон меҳмонро бо сохту тартиби низоми бонкии ҷумҳурӣ, самтҳои афзалиятноки рушди он ва вазъу шароити сармоягузорӣ дар Тоҷикистон ошно кард.  Дар навбати худ ҷаноби Ли Жео Гу қайд намуд, ки ЭСКИМ бонки Хитой соли 1994 таъсис шуда, чун моликияти давлатӣ ба ҳисоб меравад ва дар тобеияти Шӯрои давлатии Хитой қарор дорад. Дар ҳоли ҳозир бонки мазкур аз 10 шӯъба, 5 дафтари намояндагӣ дар кишвар ва 3 дафтари намояндагӣ хориҷ аз кишвар иборат аст. ЭСКИМ бонки Хитой бонки асосӣ ба ҳисоб рафта, дар таъмини давлатҳои хориҷӣ бо қарз ва пешниҳоди қарзҳои имтиёзнок берун аз кишвар саҳм мегузорад.  Дар рафти сӯҳбат роҳбарони БМТ ва ЭСКИМ бонк ҷиҳати ба имзорасии Меморандуми ҳусни тафоҳум, ки моҳи марти соли 2006 дар шаҳри Пекин ба имзо расида, дар мавриди пешниҳоди қарзи имтиёзнок ҷиҳати рушди иқтисодиву иҷтимоии кишварҳои узви СҲШ дар ҳаҷми 900 млн. долари ИМА муқаррар гашта буд, баҳои баланд доданд.  Дар Меморандуми мазкур чунин лоиҳаҳои маблағгузорӣ муқаррар гашта буд: ба роҳмонии даври аввали шоҳроҳи «Қулма-Душанбе-Чанак» (тақрибан ҳаҷми шартнома 269 млн. доллари ИМА); лоиҳаи бунёди хатти нерӯи барқ, бо иқтидори 550 КВ «Ҷануб-Шимол», дар масофаи тақрибан 350 км (арзиши 164 млн. доллари ИМА) ва хатти баландшиддати нерӯи барқ бо иқтидори 220 КВ «Лолазор – Хатлон» дар масофаи тақрибан 90 км (арзиши шартнома 60 млн. доллари ИМА).  М. Алимардон ва Ли Жео Гу атрофи густариши ҳамкориҳои судманди дуҷониба изҳори назар карданд. Вохӯрӣ дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ гузашт.

Возврат к списку