Қарорҳои Раёсати БМТ кафолати пешрафти кор

Бойгонии ахбор
25.06.2007

Қарорҳои Раёсати БМТ кафолати пешрафти кор

Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон бо яке аз Қарорҳои худ таҳти №184 аз 19 июни соли ҷорӣ бинобар надоштани ӯҳдадориҳои қарзӣ Қарори Шӯрои БМС “Осиёи марказӣ”-ро оиди анҷоми худбарҳамдиҳии бонки номбурда эътироф кард.  Бо Қарори дигари Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон №192 аз таърихи 20 июни соли равон бо назардошти вазъи қаноатбахши молиявӣ доштанаш ба ҶСПҚ “Капитал₊” барои кушодани ҳисобҳои муросилотӣ (корреспондентӣ) дар ҶСП “Русславбанк” розигӣ дода шуд. Ин имконият ва шароит фароҳам меорад, ки ҶСПҚ “Капитал₊” доираи фаъолияти худро васеъ намуда, ба бештари муштариён хизмат расонад ва дар пешрафти иқтисодиёти кишвар саҳми худро гузорад.  Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади сари вақт дар амал татбиқ намудани супоришҳои Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон оиди кушодани филиалҳои бонкҳои тиҷоратӣ дар ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон бо ду Қарори навбатии худ таҳти №№ 193 ва 194 аз таърихи 20 июни соли 2007 барои таъсиси филиалҳои ҶСП “БСТ ТИСТ “Тоҷпромбонк” дар ноҳияҳои Файзободу Рашт ва таъини масъулони роҳбарикунандаи филиалҳои зикршуда розигӣ дод.

Возврат к списку