Меморандум оиди ҳамкорӣ ба имзо расид

Бойгонии ахбор
04.06.2007

Меморандум оиди ҳамкорӣ ба имзо расид

4 июни соли 2007 дар Бонки миллии Тоҷикистон вохӯрӣ ва мулоқоти роҳбарияти бонк таҳти сарварии Раиси БМТ М. Алимардонов бо ҳайати Бонки давлатии инкишофи Чин бо роҳбарии Раиси Мудирияти омӯзиш ва тарбияи бонки номбурда хонум Ванг Юан баргузор гардид.  Дар оғоз тарафҳо оиди боз ҳам беҳтар намудани ҳамкориҳои дуҷонибаи судманд ибрози назар карданд.  Раиси Бонки миллии Тоҷикистон М. Алимардонов ба таври кӯтоҳ меҳмононро ба авзои феълии низоми бонкии мамлакат ошно намуда, изҳор дошт, ки корҳо дар бобати ташкили дафтари муштараки кории Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки давлатии инкишофи Чин бомувафаққият идома доранд.  Хонум Ванг Юан дар навбати худ иброз дошт, ки мақсади сафари ҳайат, қабл аз ҳама, бори дигар омӯхтан ва ба инобат гирифтани фикри ҳамкорони тоҷик оиди ташкили курсу семинарҳои таълимӣ, ба имзо расонидани Меморандум оиди ҳамкорӣ иборат мебошад.  Баъди анҷоми сӯҳбати ҷолибу гуворо маросими баимзорасонии Меморандуми ҳамкорӣ дар соҳаи омӯзиши кормандон дар соли 2007 байни Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки давлатии инкишофи Чин баргузор гардид.  Ба санади мазкур аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон сардори Идораи кормандон Ёқубов И. А. ва аз ҷониби Бонки давлатии инкишофи Чин Раиси Мудирияти омӯзиш ва тарбияи бонки номбурда хонум Ванг Юан имзо гузоштанд.

Возврат к списку