Дар Бонки миллии Тоҷикистон конфаронси сармоягузорон оиди коркарди конҳои ангишт баргузор гардид

Бойгонии ахбор
28.05.2007

Дар Бонки миллии Тоҷикистон конфаронси сармоягузорон оиди коркарди конҳои ангишт баргузор гардид

29 майи соли равон Дар Бонки миллии Тоҷикистон конфаронси сармоягузорон оиди коркарди конҳои ангишт, таҷдид ва сохтмони стансияҳои барқии гармидиҳанда бо истифодаи сӯзишвории ангишт, ки аз ҷониби Вазоати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шудааст, баргузор гардид.  Дар кори конфаронс намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони вазорату кумитаҳои давлатӣ, Бонки миллии Тоҷикистон, ширкатҳои истеҳсолии Федератсияи Русия, Чин, Қазоқистон, Тоҷикистон, Олмон, Ҳиндустон, энергетикҳо, мутахассисони саноати ангишт, сармоягузорон, намояндагони сафоратхонаҳо, ташкилотҳои байналхалқӣ, Академияи илмҳои ҷумҳурӣ, марказҳои илмию тадқиқотӣ, бонкҳои ватанию хориҷӣ ширкат варзиданд.  Аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сухани табрикӣ дар назди иштирокдорони конфаронс муовини аввали Сарвазири мамлакат А. Ғуломов баромад намуд. Дар доираи кори конфаронс бо иштироки намояндагони Бонки ҷаҳонӣ, Бонки рушди Авроосиё, Ҳукумати Амрико, Бонки осиёии рушд, Бонки инкишофи Чин, Бонки Аврупоии таҷдид ва инкишоф, Бонки инкишофи Қазоқистон муаррифиҳои Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дурнамои истифодаи сӯзишвории ангишт барои истеҳсоли нерӯи барқ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”; сармоягузорони эҳтимолии нақшаю имконотҳои мушаххас барои коркарди конҳои ангишт; сохтмони стансияҳои барқии гармидиҳанда, таҷдид ва ба истифодаи сӯзишвории ангишт табдил додани дегхонаҳои мавҷудаи барқию гармӣ, дигар муаррифиҳои ташкилотҳои молиявии хориҷӣ, сармоягузорони ҳарду ҷониб ва бонкҳои тиҷоратӣ ба маърази иштирокдорони конфаронс пешкаш карда шуданд.  Дар ҷараёни кори конфаронс якчанд вохӯриҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сармоягузорон, ташкилотҳои байналхалқии молиявӣ ва дигар ташкилотҳои иштирокдор баргузор гардиданд.  Иштирокдорони конфаронс дар интиҳои кори он эъломия қабул намуданд.

Возврат к списку