Натиҷаҳои семоҳаи аввали соли 2007 баррасӣ шуданд

Бойгонии ахбор
26.04.2007

Натиҷаҳои семоҳаи аввали соли 2007 баррасӣ шуданд

25 апрели соли 2007 дар Бонки миллии Тоҷикистон нишасти матбуотии навбатӣ оид ба натиҷаҳои семоҳаи аввали соли равон баргузор гардид, ки дар кори он роҳбарони бонк ва воҳидҳои сохтории он ширкат варзиданд.  Дар назди рӯзноманигорони дохилию хориҷӣ оиди корҳои анҷомдодашуда дар давраи ҳисоботӣ Раиси Бонки миллии Тоҷикистон М. Алимардонов ва муовини Раиси БМТ Ҷ. Эшов суханронӣ намуданд. Аз он ҷумла изҳор гардид, ки рушди Маҷмӯи маҳсулоти лохилӣ (ММД) дар семоҳаи якуми соли ҷорӣ бо суръати нисбатан баланд идома ёфта, 5,3 фоиз, аз ҷумла истеҳсоли саноатӣ 5,2 фоиз ва кишоварзӣ 5,4 фоизро ташкил намуд. Дар ин давра ММД ҳаҷми 2041,5 млн. сомониро ташкил намуда, нисбати семоҳаи аввали соли қаблӣ 495,4 млн. сомонӣ ё 32 фоиз афзуд.  Дар семоҳаи якуми соли ҷорӣ суръати таваррум муътадил буда, дар ҷамъбаст он 2,2 фоизро ташкил дод.  Болоравии нархҳо аз рӯи гурӯҳи маҳсулотҳо ба таври зерин сурат гирифт: дар гурӯҳи хӯрокворӣ нархи маҳсулот 1,8 фоиз зиёд шуд; дар гурӯҳи ғайрихӯрокворӣ нархи маҳсулот 0,2 фоизро ташкил намуд; дар хизматрасонии пулӣ зиёдшавии нарх 8,0 фоизро ташкил намуд.  Махсусан қайд гардид, ки сарфи назар аз паст шудани фишори таваррум талаботи умумӣ дар заминаи беҳтар шудани қобилияти харидории аҳолӣ, зиёд шудани музди меҳнат ва даромади пулии аҳолӣ, интиқолҳо устувор боқӣ монда, суръати пешниҳоди маҳсулот ва хизматрасонӣ бештар таҳким меёбад.  Дар бобати қурби пули миллӣ иброз шуд, ки бо назардошти фаъолияти озоди иқтисодӣ, дар амалияи ҷаҳонӣ, низоми озод шинокунандаи қурби асъор истифода мешавад. Дар Тоҷикистон низ яке аз шаклҳои маъмулаш – низоми “шинокунандаи танзимшаванда бе нишон додани ҳудудҳо” истифода бурда мешавад. Мутобиқи низоми мазкур, қурб дар асоси талабот ва пешниҳоди бозор муайян гашта, Бонки миллии Тоҷикистон танҳо дар ҳолати яку якбора тағйир ёфтани қурб метавонад барои ба эътидол овардани вазъият ба бозор мудохила намояд.  Дар се моҳи сипаригашта қурби мубодилавии сомонӣ нисбат ба доллари Амрикоӣ ба андозаи 0,4 фоиз (аз 3,4265 сомонӣ то ба 3,4392 сомонӣ) тағйир ёфтааст.  Ба сиёсати пулию қарзӣ дахл намуда, нотиқон қайд карданд, ки татбиқи сиёсати пулию қарзӣ, ки дар ҳамоҳангӣ бо сиёсати андозу буҷет амалӣ мегардад, барои танзими пардохтпазирӣ равона шуд. Аз ҷумла нишондиҳандаҳои татбиқи сиёсати пулӣ чунин вазъ доштанд, меъёри бозтамвил аз 12 то 13 фоиз баланд карда шуд, меъёри захираҳои ҳатмӣ тағйир наёфта дар ҳудуди 12 фоиз боқӣ монд, фурӯши вомҳои Бонки миллии Тоҷикистон тавассути музоядаҳо идома ёфт.  Дар давраи баррасишаванда бештари нишондиҳандаҳои муҳими молиявии низоми бонкӣ устувор буданд, фаъолияти бонкҳо ва ташкилотҳои қарзӣ мӯътадил буда, васеъшавии амалиётҳои бонкӣ дар минтақаҳои дурдаст дида шуд.  Аз ҷумла, дороиҳои умумии низоми бонкӣ (дороиҳо: маблағҳо дар хазина, сандуқи қарзӣ, воситаҳои асосӣ) дар 3 моҳи аввали соли ҷорӣ нисбати аввали давра 11,1 фоиз зиёд шуда, ба 1 апрели соли ҷорӣ ба 1,9 млрд. сомонӣ баробар шуд.  Ӯҳдадориҳо бошанд (амонатҳо, маблағи ҷалбшуда, ӯҳдадориҳо дар назди дигарон) дар ин давра 12,7 фоиз зиёд шуда, 1,5 млрд. сомонӣро ташкил намуданд. Дар навбати худ сармояи тавозунӣ аз 350,9 млн. сомонӣ то 367,1 млн. сомонӣ зиёд шуд ва нисбат ба аввали давра 4,6 фоиз афзуд.  Низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон то санаи 1 апрели соли 2007 аз 83 ташкилотҳои қарзӣ иборат мебошад: - 9 бонки мустақил; - 1 шӯъбаи бонки хориҷӣ; - 8 ҷамъияти қарздиҳӣ;- 65 ташкилоти молиявии ғайрибонкӣ;  Амонатҳо дар давраи баррасишаванда тамоюли зиёдшавиро идома доданд ва дар семоҳаи аввали соли равон маблағи 1 210,5 млн. сомониро ташкил намуда, нисбат ба аввали давра 9,2 фоиз афзуданд.  Ин нишондиҳанда мусбат баҳо дода мешавад ва ба баланд шудани эътимоди мардум ба низоми бонкӣ, афзудани нақши бонкҳо дар ҷалби амонатҳо ва вусъат ёфтани ҷараёни сармоягузории дохилӣ, чун яке аз манбаъҳои муҳими маблағгузорӣ далолат мекунад.  Дар ин мӯҳлат фоизи миёнавазни амонатҳо нисбатан мӯътадил шуда, барои амонатҳо бо асъори миллӣ дар ҳудуди аз 19,6 то 23,6 фоиз қарор гирифт ва барои амонатҳо бо асъори хориҷӣ бошад аз 18,7 фоиз то 20,0 фоиз. Дар нишасти матбуотӣ масъалаҳои қарздиҳӣ дар мамлакат, алалхусус қарздиҳии хурд дар минтақаҳои дурдасти кӯҳистон баррасӣ гардиданд.  Дар фуроварди вохӯрӣ бо хабарнигорон Раиси Бонки миллии Тоҷикистон М. Алимардонов ба суолҳои сершумори намояндагони васоити ахбор ҷавобҳои пурраю саҳеҳ дод.

Возврат к списку