Мулоқот бо хабарнигори “Асахи Шимбун”

Бойгонии ахбор
06.04.2007

Мулоқот бо хабарнигори “Асахи Шимбун”

6 апрели соли равон вохӯрии роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон таҳти сарварии Раиси БМТ М. Алимардонов бо шореҳи рӯзномаи бонуфӯзи Ҷопон “Асахи Шимбун” ҷаноби Тедди Текейши баргузор гардид.  Ҷаноби Тедди Текейши зимни сӯҳбат иброз дошт, ки ӯ бори аввал ба Тоҷикистон омадааст ва аз табиати зебою мардуми меҳмоннавози он таассуроти хеле хубу гуворо гирифтааст.  - Имрӯз, - таъкид намуд рӯзноманигор, - сокинони Ҷопон дар бораи Тоҷикистон маълумоти кофӣ надоранд ва мақсади сафари ман омода намудани гузориши муфассалу воқеъбинона дар хусуси вазъи феълии сиёсию иқтисодии Тоҷикистон, пешомадҳои иқтисодӣ ва ҳамкориҳои он бо кишварҳои хориҷӣ мебошад.  Раиси Бонки миллии Тоҷикистон М. Алимардонов изҳор дошт, ки Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали ба даст овардани истиқлолият то инҷониб аз дастгирии сиёсию иҷтисодии Ҷопон бархӯрдор аст. Ӯ хоҳиш намуд, ки аз тариқи рӯзнома миннатдориашро ба Ҳукумати Ҷопон арз доранд.  Сипас, роҳбари Бонки миллии Тоҷикистон меҳмонро бо вазъи имрӯзаи иқтисодию молиявии кишвар, имконоту самтҳои асосии рушди Тоҷикистон, бахусус дар бахшҳои энергетика, саноати кӯҳӣ, кишоварзӣ ва сайёҳӣ муфассал шинос намуда, таъкид сохт, ки солҳои охир дар мамлакат бо кӯмаки молиявию техникии ташкилотҳои молиявии байналхалқӣ ва кишварҳои мададрасон, аз ҷумла Ҷопон пешравиҳои назаррас ба даст омадаанд. Ҳукумати мамлакати мо ҷонибдори сиёсати дарҳои кушод буда, барои татбиқи лоиҳаҳои муштарак бо ҷониби Ҷопон омода аст.  Дар поёни сӯҳбати барои ҳарду ҷониб ҷолибу судманд Раиси Бонки миллии Тоҷикистон ба суолҳои намояндаи васоити ахбори умуми Ҷопон посух дод.

Возврат к списку