Дар БМТ ҳамкориҳои техникии Бонкҳои миллии Тоҷикистон ва Швейтсария муҳокима шуданд

Бойгонии ахбор
29.03.2007

Дар БМТ ҳамкориҳои техникии Бонкҳои миллии Тоҷикистон ва Швейтсария муҳокима шуданд

29 марти соли ҷорӣ Раиси Бонки миллии Тоҷикистон М. Алимардонов намояндагони Бонки миллии Швейтсарияро таҳти сарварии Раиси тадқиқоти байналхалқӣ ва ҳамкориҳои техкикии бонки номбурда ҷаноби Вернер Херман, ки бо сафари корӣ дар ҷумҳурии мо ҳузур доранд, ба ҳузур пазируфт.  Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои инкишофи муносибатҳои дуҷонибаи судманд муҳокима гардиданд. Намояндагони Бонки миллии Швейтсария дар ҷараёни сафари хеш, ки 31 март анҷом меёбад, бо сардорони як қатор идораю шӯъбаҳои Бонки миллии Тоҷикистон вохӯрда, масъалаҳои ҳамкориҳои минбаъдаи техникиро баррасӣ хоҳанд кард.  Ҳамкориҳо байни Бонкҳои миллии Тоҷикистон ва Швейтсария ҳанӯз соли 1998 барқарор шуда буданд. Дар ин давра 41 мутахассиси Бонки миллии Тоҷикистон дар Швейтсария таълим гирифта, маҳорати касбии худро баланд кардаанд.

Возврат к списку