27.03.2007
Курс барои мутахассисони бонкҳои ҷумҳурӣ
Аз 27 то 31 марти соли 2006 дар Бонки миллии Тоҷикистон барои кормандони бонкҳои мамлакат курси махсус “Ҷанбаҳои андозии фаъолияти бонкӣ бо назардошти тағйирот ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор мегардад. Курси номбурда барои мутахассисони Бонки миллии Тоҷикистон, БДА ҶТ “Амонатбонк” ва бонкҳои тиҷоратӣ созмон дода шудааст. Дар ҷараёни дарсҳо мутахассисони соҳаи сиёсати андоз дар мавзӯҳои “Ҷанбаҳои меъёрию ҳуқуқии андоз ва андозбандӣ”, “Самтҳои асосии сиёсати андози Тоҷикистон”, “Андози ичтимоӣ ва андоз ба замин” ва ғайра бо лексияҳо баромад мекунанд. Аз рӯи ҳар як дарс ба шунавандагон машғулиятҳои амалӣ пешниҳод карда мешаванд. Баъди анҷом ёфтани курс, 31 марти соли ҷорӣ ба шунавандагони он сертификатҳо супорида мешавад.