Вохӯрӣ бо ҳайати Бонки рушди Авроосиё

Бойгонии ахбор
05.03.2007

Вохӯрӣ бо ҳайати Бонки рушди Авроосиё

2 марти соли 2007 дар Бонки миллии Тоҷикистон вохӯрии Раиси БМТ М. Алимардонов бо ҳайати Бонки рушди Авроосиё таҳти сарварии Раиси раёсати ин бонк И. Феногенов баргузор гардид.  Дар ҷараёни вохӯрӣ оиди масоили ҳамкориҳои дучониба мубодилаи афкор баргузор гардид. Раиси БМТ меҳмононро бо сохтор ва инкишофи низоми бонкии Тоҷикистон шинос намуд.  Дар навбати худ ҷаноби И. Финогенов изҳор кард, ки Бонки рушди Авроосиё ташкилоти байналхалқии молиявӣ ба шумор рафта, моҳи январи соли 2006 бо мақсади кӯмак ба инкишофи иқтисоди бозоргонӣ, рушди иқтисодӣ ва тавсиаи муноситбатҳои муштараки тиҷоратию иқтисодӣ аз ҷониби Федератсияи Русия ва Қазоқистон таъсис дода шудааст. Бонки номбурда бояд ба яке аз элементҳои асосии инфрасохтори молиявӣ дар минтақаи Авроосиё, механизми босамари сармоягузории рушди ҳамкорӣ мубаддал гардад.  Раиси раёсати бонк қайд намуд, ки ташаббуси ташкили бонк ба Президенти Федератсияи Русия ва Президенти Қазоқистон тааллуқ дорад ва сармояи оийнномавии он 1,5 млрд. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Ӯ инчунин, иброз дошт, ки бонк омода аст, иштирокдорони навро ба аъзогӣ қабул намояд.  Раисони БМТ ва Бонки рушди Авроосиё масъалаҳои ҳамкориҳои минбаъда, татбиқи лоиҳаҳои имконпазири муштарак, узви бонки номбурда шудани Тоҷикистон ва ҳамчунин кушодани намояндагии бонк дар ҷумҳурии мо баррасӣ намуданд.  Баъди нисфирӯзӣ ҳайати Бонки рушди Авроосиё аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов ба ҳузур пазируфта шуд.

Возврат к списку