27.02.2007
Мутахассисони БМТ маҳорати худро баланд мекунанд
26 феврали соли равон дар Бонки миллии Тоҷикистон барои кормандони дастгоҳи марказӣ ва шӯъбаҳои бонк семинари байналхалқӣ таҳти унвони “Ҳисоббаробариҳои байналхалқӣ ва молия” баргузор гардид. Семинар аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон ва Дойч Бундесбонк (Олмон) созмон дода шуда, таҳлили масъалаҳои муҳими бонкӣ, аз қабили қурбҳои асъорӣ ва мубодилавӣ, қурби дархостномаи пардохт, моддаҳои махсуси вексел, пардохти санадӣ, санадҳои тиҷоратӣ, кафолати бонкӣ ва ғайраро дарбар мегирад. Сармушовири Дойч Бундесбонк оид ба пардохтҳои байналхалқӣ ва молия ҷаноби Хайнс Штейнл аз рӯи барномаи семинар дар назди иштирокдорони он баромад мекунад ва оиди ҳар як мавзӯъ ба таври муфассал бо истифода аз васоити ҳозиразамони техникӣ мисолу масъалаҳо меорад. Дар баробари гирифтани дониши назариявӣ, мутахассисони БМТ дар машғулиятҳои амалӣ оиди масъалаҳои номбаршуда ширкат меварзанд. Баъди анҷом ёфтани семинар, 2 марти соли ҷорӣ ба шунавандагони он сертификатҳои намунаи байналхалқӣ супорида мешавад.